Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Тайланд мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Тайланд мусовӣ кард

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳамсолони худ аз Тайланд бозии дӯстона анҷом дод.

Вохӯрӣ имрӯз, 10-уми июн дар маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp-и Бангкок баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Наврасони мо бо ҳисоби 1:0 пешсаф буданд, вале дар дақиқаҳои охир ғалабаро аз даст доданд. Аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон Масрур Ғафуров гол зад.

Ин вохӯрии санҷишии охирини мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пеш аз қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 буд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тайланд, ки аз 15 июн то 2 июл баргузор мешавад, дастпарварони Раҳматулло Фузайлов дар гурӯҳи «С» бозӣ мекунанд. Рақибони тими мо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) мебошанд. Ду вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳии мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чонбури ва бозии даври ниҳоӣ дар Бангкок баргузор мешаванд.

Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.

 

Бозии дӯстона

Таиланд (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.

10 июн. Бангкок. Маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp».

Назари худро бинависед