Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳамсолони худ аз Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.

10-уми июн дар маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp» дар Бангкок вохӯрии санҷишӣ миёни дастаҳои наврасони Тайланд ва Тоҷикистон баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) бозӣ мекунад. Дастаи мо ду вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳиро дар Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронад.

Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 10 июн (шанбе)

️ Оғоз – соати 17:00 ба вақти Душанбе

🇹🇭 Таиланд (U-17) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17)

🏟 Бангкок, маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp»

Назари худро бинависед