Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромад! – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромад!

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоии даври интихобӣ наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дастаи мо се имтиёз оварданд.

Бояд гуфт, ки ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон (U-17) мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи «H» ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола

Гурӯҳи «Н». Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 2:0

Голҳо: Беҳрӯз Хуҷаев, 21 (1:0). Диловари Ҷамшедзода, 80 (2:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шаҳбон Наимов (Тоҷикистон).

9 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3500 тамошобин.

Назари худро бинависед