Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ҳунарнамоии худро дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов ба анҷом расонд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ҳунарнамоии худро дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов ба анҷом расонд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд ширкат кард.

Дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар шаҳри Тошканд се бозӣ анҷом дода, дар ҳама бозиҳо аз рақибон – Ҷопон (0:2), Эрон (1:2) ва Ӯзбекистон (0:5) шикаст хӯрд.

Барандаи мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов тими наврасони Ӯзбекистон гардид, ки дар натиҷа ҳафт имтиёз ба даст овард.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Н» баромад мекунад. Наврасони мо бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон бозӣ мекунанд. Мусобиқаи интихобӣ аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов байни дастаҳои наврасони то 16-сола

Даври 1

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҷопон (U-16) – 0:2

Голҳо: Шунго Сугиура, 59 (0:1). Шота Кофие, 88 (0:2).

23 август. Тошканд. Майдони Академияи «Бунёдкор».

 

Ӯзбекистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:1

 

Даври 2

Эрон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 2:1

Голҳо: Ризо Гандипур, 43 (1:0). Ризо Гандипур, 60 (2:0). Беҳрӯз Хуҷаев, 62 (2:1).

Пеналтиро иҷро карда натавонист: Шеравган Саидов (Тоҷикистон), 28 – дарвозабон.

25 август. Тошканд. Варзишгоҳи «Қибрай».

 

Ҷопон (U-16) – Ӯзбекистон (U-16) – 0:3

 

Даври 3

Ӯзбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 5:0

Голҳо: Шодиёр Шодибоев, 22 (1:0). Дилшод Абдуллоев, 23 (2:0). Лазизбек Мирзоев, 62 (3:0). Зикруллохон Мухторов, 78 (4:0). Абдулҳамид Турғунбоев, 83 (5:0).

27 август. Тошканд. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 

Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:3

Назари худро бинависед