Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Эрон оғоз намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Эрон оғоз намуд

Дастаи мунтахаби наврсони зери 16 соли Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин турдиев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тими наврасони Эрон шурӯъ кард.

Ба ҷамъомади омӯзишиву машқии мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, сармураббӣ 22 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст.

Бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби наврсони то 16 соли Эрон рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бидуни иштироки мухлисон доир мешаванд. Оғози вохӯриҳо – соати 14:00..

 

Ҳайати дастаи мунтахаби наврсони зери 16 соли Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби наврасони Эрон:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сӯҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Шахриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ниммуҳофизон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷон Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (МҶМОВ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

 

Бозиҳои дӯстона

23 декабр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)  

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

26 декабр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед