Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар чемпионати CAFA-2022 бозии дуюмашро анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар чемпионати CAFA-2022 бозии дуюмашро анҷом дод

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе миёни дастаҳои наврасони то 16-сола рӯзи 16 май бозиҳои даври сеюм баргузор шуданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар оғози мусобиқот бар тими Қирғизистон (2:0) пирӯз шуда буд, ин дафъа бо тими Афғонистон (0:0) мусовӣ кард. Дар вохӯрии дигар наврасони эронӣ бар ҳамсолони худ аз Қирғизистон (2:0) пирӯз шуданд.

Пас аз анҷоми се даври мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа мутаносибан пешсафанд.

Бозиҳои даври чаҳорум рӯзи 18 май баргузор мешаванд. Наврасони Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон вомехӯранд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 21:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед