Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо Булғористон, Мексика ва Академияи «Краснодар» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо Булғористон, Мексика ва Академияи «Краснодар» бозӣ мекунад

Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Туркия муайян  шуданд.

Дар ҷамъомади омӯзишиву машқии мазкур дар Туркия наврасони мо чор бозии санҷишиву дӯстона мегузаронанд. Рақибони наврасони мо дар ин бозиҳо мунтахабҳои наврасони Булғористон, Мексика ва дастпарварони Академияи футболи “Краснодар”-и Федератсияи Руссия мебошанд.

Баъд аз анҷоми ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Анталияи Туркия дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд” ба Мински Беларус сафар мекунад.  Мусобиқаи мазкур аз 5 то 14 феврал баргузор хоҳад шуд.

 

Бозиҳои санҷишии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Туркия:

24 январ (душанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16)

 

29 январ (шанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Академияи «Краснодар» (U-17)

 

31 январ (душанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16)

 

3 феврал (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Мексика (U-16)

 

Назари худро бинависед