Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон ду бозии санҷишӣ доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон ду бозии санҷишӣ доир кард

Дастаи нави наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон ду бозии дӯстона анҷом дод.

Дар қароргоҳи таълимии мунтахабҳои Қазоқистон воқеъ дар Талғар вохӯриҳои санҷишӣ барпо гардиданд. Дастаи Далер Каёсов дар нахустин бозии рафиқона аз тими Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Аз ҳайати тими миллии мо Ҳайдаршо Худойдодов гол зад. Вохӯрии дуюми дастаҳои наврасони Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки имрӯз баргузор шуд, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи мо Парвиз Бобоназаров ва Муҳаммад Назриев заданд.

 

Вохӯриҳои рафиқона

Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 2:1

Голи Тоҷикистон: Ҳайдаршо Худойдодов.

16 июн. Алмаато. Қароргоҳи таълимии «Талғар».

 

Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 2:2

Голҳои Тоҷикистон: Парвиз Бобоназаров, Муҳаммад Назриев.

19 июн. Алмаато. Қароргоҳи таълимии «Талғар».

Назари худро бинависед