Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқаи рушди УЕФА ба Скопйе сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқаи рушди УЕФА ба Скопйе сафар кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА тариқи транзит тавассути Истанбул ба Македонияи Шимолӣ сафар кард.

Дастаи мо аз 19 бозигар иборат аст. Дар мусобиқаи рушди УЕФА, ки аз 3 то 8 май дар Скопйе баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ (3 май), Гондурас (5 май) ва Косово (8 май) бозӣ мекунад. Рақобатҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронда мешаванд.

Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастаи Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, ширкат хоҳад кард.

 

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

3 май (сешанбе)

14:00 – Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Косово – Гондурас

 

Даври 2

5 май (панҷшанбе)

19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

 

Даври 3

8 май (якшанбе)

14:00 – Македония – Гондурас

20:00 ТОҶИКИСТОН – Косово

 

Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед