Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии аввали дӯстона бар ҳамсолони худ аз Узбекистон пирӯз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии аввали дӯстона бар ҳамсолони худ аз Узбекистон пирӯз шуд

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии аввали дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврсони то 15 солаи Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд.

Вохӯрӣ бо ҳисоби 6:3 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Амирҷон Бақоев ва Азиз Зарифӣ дар ҳайати мо дубл анҷом доданд. Билол Бобоев ва Меҳрубон Ҳамидов якголӣ заданд.

Рӯзи ҷумъаи 13-уми август, дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Узбекистон бозии дӯюми дӯстонаи худро баргузор менамоянд. Бозӣ соати 19:30 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки мухлисон хоҳад гузашт. Вурудшавӣ ба варзишгоҳ роёгон аст.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-15) – Узбекистон (U-15) – 6:3

Голҳо: Амирбек Саидов, 4 (0:1). Азиз Зарифӣ, 27 (1:1). Билол Бобоев, 29 (2:1). Амирҷон Бақоев, 31 (3:1). Амирҷон Бақоев, 37 (4:1). Азиз Зарифӣ, 42 (5:1). Иброҳимҷон Турсуналиев, 69 (5:2). Оллаберган Каримов, 77 (5:3). Меҳрубон Ҳамидов, 78 (6:3).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Тоҷикистон).

11 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2100 тамошобин.

Назари худро бинависед