Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар “Ҷоми рушд-2022” мақоми чорумро ишғол кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар “Ҷоми рушд-2022” мақоми чорумро ишғол кард

Дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2022», ки рӯзи якшанбеи 13-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус ба поён расид, мақоми чорумро ишғол кард.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар рӯзи охирини мусобиқа дар Минск дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо дастаи наврасони Беларус (U-17) рақобат карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи гурӯҳии “Ҷоми рушд-2022” бар мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, ду бозиро бо мунтахаби Молдова ва тими наврасони “Динамо”-и Минск бо ҳисоби якхелаи мусовии 2:2 анҷом дода, дар бозӣ бо ҳамсолонашон аз Беларус бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда буданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо 5 имтиёз сеюм ва аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқа чаҳорум шуд. Мунтахаби Исроил (U-17) барандаи “Ҷоми Рушд-2022” гардид. Исроилиҳо дар финал бар мунтахаби Беларус (U-16) пирӯз шуд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби баробари 2:2 анҷом ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналти мунтахаби Исроил бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Бояд гуфт, ки ҳамлагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Масрур Ғафуров бо шаш гол нишонзани беҳтарини “Ҷоми Рушд-2022” гардид.

 

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2022»

Бозӣ барои ҷойи 9-ум

«Динамо-Минск» (U-17) – «Минск» (U-17) – 2:1

 

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

Молдова (U-16) – Гурҷистон (U-17) – 0:7

 

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

Қирғизистон (U-16) – Узбекистон (U-17) – 1:3

 

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Беларус (U-17) – 0:4

 

Финал

Беларус (U-16) – Исроил (U-17) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 1:3

Назари худро бинависед