Мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну АМА омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну АМА омодагӣ мегирад

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон  бо раҳбарии мутахассиси ӯзбекистонӣ Усмон Тошев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи панҷшанбе, 29-уми октябр, шуруъ кард.

Сармураббӣ Усмон Тошев барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона 26 бозингар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват намудаст. Ба ҷои нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Ҷалилов, ки осеб дидааст ва ҳамлагари «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашеви бемор ба дастаи мунтахаб Шервонӣ Мабатшоев (КМВА-и Душанбе) ва Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83») даъват шудаанд.

Айни замон дар ихтиёри мунтахаби миллӣ 23 бозингар қарор дорад. Дарвозабони «Локомотив-Помир»-и Душанбе Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгари «Бунёдкор»-и Тошканд Давронҷон Эргашев ба дастаи мунтахаб имрӯз, 30-юми октябр, ҳамроҳ мешаванд. Нимҳимоятгари «Локомотив»-и Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев бошад рӯзи 8-уми ноябр дар Дубай ба мунтахаби Тоҷикистон мепайвандад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон то рӯзи 3 ноябр дар Душанбе омодагӣ гирифта, рӯзи 4-уми ноябр ба Дубай парвоз мекунад. Дар Дубай дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад.

Бояд гуфт, ки ин ду бозии санҷиширо дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом медиҳад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»),

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммаджон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Назари худро бинависед