Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон омодагиҳоро ба чемпионати CAFA-2023 оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон омодагиҳоро ба чемпионати CAFA-2023 оғоз кард

Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар Душанбе тамринотро шуруъ кард.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 21 бозигар даъват шудааст, ки аз ин шумора 14 бозигар ба дархости ниҳоӣ ҷиҳати ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал, ки аз 25 то 31 январ дар Тошканд баргузор мешавад, ворид мегардад.

Дар чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои занона мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

 

Ҳайати васеи тими миллии футзали занонаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»), Дилноза Нурова, Фараҳноз Холмуродова (ҳарду аз «Хатлон»); 

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Марҷона Саидова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Зулайхо Сафарова, Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумахонзода, Меҳрангез Шарипова (ҳама аз «Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Рухшона Файзуллоева, Мунаввар Назарқулова (ҳарду аз «Суғд»), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).

Назари худро бинависед