Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 ҷойи сеюмро ишғол кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 ҷойи сеюмро ишғол кард

Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд ҷараён дошт, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дубли Карина Мирзоева, голҳои Ҷонона Қурбонова ва Некубахт Худододова пирӯзии дастаи моро бар тими Қирғизистон таъмин карданд.

Имшаб дар бозии ҳалкунандаи мусобиқа дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон бо ҳам вомехӯранд. Ғолиби ин ҷуфт медалҳои тиллоро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занона ба даст меорад.

 

Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои занона

Даври 3

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 2:4

Голҳои Тоҷикистон: Карина Мирзоева (2), Ҷонона Қурбонова, Некубахт Худододова.

Назари худро бинависед