Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022 барои медалҳои “биринҷӣ” мубориза мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022 барои медалҳои “биринҷӣ” мубориза мекунад

Даври чоруми чемпионати футзали Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид. Дар ин давр довталабони аслии медалҳои тилло – тимҳои Эрон ва Узбакистон пирӯзии навбатии худро ба даст оварданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври чаҳорум аз тими Узбакистон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Бо ҳамин натиҷа тими Эрон бар футзалбозони Қирғизистон пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби Эрон, ки пайиҳам чаҳор пирӯзӣ ба даст овардааст, бо дувоздаҳ имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Узбакистон бо 9 имтиёз ҷои дуюмро ишғол менамояд. Дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо якимтиёзӣ дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгиранд.

То анҷоми чемпионати CAFA-2022 ду даври дигари бозиҳо боқӣ мондааст. Аллакай дар даври баъдӣ пешсафони ин мусобиқот тимҳои Эрон ва Узбекистон бо ҳам вомехӯранд, ки дар он номи аввалин қаҳрамони Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ дар футзал миёни дастаҳои мунтахаби занонаи футбол муайян хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки аввалин чемпионати CAFA байни дастаҳои футзали занона дар Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду қисм баргузор мешавад ва ҳар як даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мешавад.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 4 4 0 0 32-2 12
2 Узбекистон 4 3 0 1 26-6 9
3 ТОҶИКИСТОН 4 0 1 3 2-26 1
4 Қирғизистон 4 0 1 3 1-27 1

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

27 январ (панҷшанбе)

15:00 – Эрон – Узбекистон

18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 6-ум

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед