Мунтахаби футзали Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия оғоз кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Русия оғоз кард. 

Пайрав Воҳидов ба бозиҳои дӯстонаи дарпешистода 16 бозигар – 2 дарвозабон ва 14 бозигарро даъват кардааст. 

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунанд. Вохӯриҳо соати 20:00 оғоз мешаванд. 

Нархи чиптаи оддӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи мухлисонро ба бозиҳои дарпешистода даъват мекунем!

 

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими Русия: 

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»); 

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Дилшод Саломов, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Насим Шарифов (ҳама аз «Соро компания»), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Шавкат Ҳалимов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📆 7 ноябр (душанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмаааи варзишии обӣ

 

📆 8 ноябр (сешанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмаааи варзишии обӣ

Назари худро бинависед