Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ мекунад

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 17 то 28 апрел дар Таиланд баргузор мешавад, муайян шуданд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» якҷо бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон қарор гирифт.

Дар қуръакашӣ, ки имрӯз, 14 декабр дар Куала-Лумпур баргузор шуд, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» тақсим шуд.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими миллии Ӯзбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Ӯзбекистон – Тошканд ва Андиҷон ва Бухор доир мегардад, роҳ меёбанд.