Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 бо тими Алҷазоир мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 бо тими Алҷазоир мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии ниҳоии худро дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дар Арабистони Саудӣ анҷом дод.

Футзалбозони мо, ки дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунанд, дар даври сеюм бо дастаи Алҷазоир вохӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 пешсаф буд, вале натиҷаро нигоҳ дошта натавонист ва дар ниҳоят мусовӣ – 2:2 кард. Аз ҳайати тими мо Идрис Ёров ва Муҳаммаҷон Шарифов муаллифи гол шуданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби Либия бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Либия бо шаш имтиёз дар чаҳоргонаи «А» мақоми аввалро касб кард. Алҷазоир дар зинаи дуюм (5 хол) ҷой гирифт. Арабистони Саудӣ се хол дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз мавқеи охиринро касб мекунад.

Ҳамин тариқ, Ҷоми миллатҳои Араб-2023 барои тими миллии футзали Тоҷикистон анҷом ёфт.

 

Ҷоми миллатҳои Араб-2023 оид ба футзал

Гурӯҳи «А». Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Алҷазоир – 2:2

Голҳои Тоҷикистон: Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарипов.

 

Арабистони Саудӣ – Либия – 3:5

Назари худро бинависед