Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон бозӣ мекунад

Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 муайян шуданд.

Дар қуръакашӣ 31 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» қарор гирифта, бо тимҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон рақобат мекунад. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 7 то 11 октябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ғолибони гурӯҳҳо ва ҳамчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳхат мегиранд.

Назари худро бинависед