Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бар Непал пирӯз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бар Непал пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек тими миллии Непалро бо ҳисоби калони 11:1 шикаст дод.

Аз ҳайати тими мо Файзалӣ Сардоров хет-трик анҷом дод. Идрис Ёров, Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов ва Самандар Ризомов муаллифи як дублӣ шуданд.

Пагоҳ, 12 апрел, дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022

Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В». Даври 2

Непал – ТОҶИКИСТОН – 1:11

Голҳо: Бишвас Паудел, 2 (1:0). Идрис Ёров, 7 (1:1). Умед Кузиев, 21 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 25 (1:3). Файзалӣ Сардоров (1:4). Файзалӣ Сардоров, 32 (1:5). Шавкат Ҳалимов, 32 (1:6). Шавкат Ҳалимов, 33 (1:7). Умед Кузиев, 33 (1:8). Самандар Ризомов, 36 (1:9). Самандар Ризомов, 37 (1:10). Идрис Ёров, 37 (1:11).

Пеналтиро ба самар расонида натавонист: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон), 17 (тӯб ба паҳлӯи дарвоза бархӯрд).

Аз майдон хориҷ карда шуд: Некрӯз Алимаҳмадов (Тоҷикистон), 16 – барои зарба задан ба рақиб, Биҷай Шрестха (Непал), 17.

11 апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена».