Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии якуми дӯстона бар тими миллии Русия ғалаба кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии якуми дӯстона бар тими миллии Русия ғалаба кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии дӯстона, ки имрӯз, 7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ноибқаҳрамони Аврупо, тими миллии Русияро шикаст дод.

Вохӯрӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе дар ҳузури 2750 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби 10:7 ба фоидаи футзалбозони Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Файзалӣ Сардоров покер анҷом дод. Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев дубл намуданд.

Пагоҳ, 8-уми ноябр тимҳои футзали Тоҷикистону Русия дар Душанбе бозии дуюми дӯстонаи худро баргузор мекунанд. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН – Русия – 10:7

Голҳо: Янар Асадов, 2 (0:1). Сергей Денисов, 7 (0:2). Идрис Ёров, 12 (1:2). Бахтиёр Солиев, 13 (2:2). Дилшод Саломов, 18 (3:2). Янар Асадов, 18 (3:3). Файзалӣ Сардоров, 25 (4:3). Артём Ниёзов, 26 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (5:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (6:4). Янар Асадов, 29 (6:5). Бахтиёр Солиев, 31 (7:5). Файзалӣ Сардоров, 33 (8:5). Янар Асадов, 38 (8:6). Янар Асадов, 39 (8:7). Идрис Ёров, 40 (9:7). Дилшод Саломов, 40 (10:7).

7 ноябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 2750 тамошобин.

Назари худро бинависед