Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дуюми дӯстонаи худро бо тими миллии Русия баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дуюми дӯстонаи худро бо тими миллии Русия баргузор кард

8 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе бозии дуюми дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Идрис Ёров ва Самандар Ризомов ба задани гол даст ёфтанд. 

Қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозии дӯстона бар тими Русия бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуда буд.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН – Русия – 2:6

Голҳо: Идрис Ёров, 4 (1:0). Артём Ниёзов, 8 (1:1). Андрей Заболонков, 11 (1:2). Андрей Понкратов, 14 (1:3). Сергей Денисов, 20 (1:4). Андрей Понкратов, 22 (1:5). Самандар Ризомов, 32 (2:5). Артём Ниёзов, 39 (2:6).

8 ноябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 3000 тамошобин.

Назари худро бинависед