Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии санҷишӣ доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии санҷишӣ доир кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Ҷидда ду бозии дӯстона анҷом дод.

Футзалбозони мо дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду вохӯрии дӯстона анҷом дода, дар ҳарду бо ҳисоби 1:2 ва 2:4 шикаст хӯрданд. Дастаи Тоҷикистон ин бозиҳоро бидуни чанд бозигари асосӣ анҷом додааст – Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов, Комрон Алиев ва Шавкат Ҳалимов дар ҳайати бошгоҳҳои худ қарор доранд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ ба Тошканд меравад ва онҷо бо тими миллии Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 4 ва 5 март баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) нерӯ месанҷад.

Назари худро бинависед