Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба Бишкек рафт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба Бишкек рафт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов 3 апрел барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба Бишкек рафт.

Ба ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигар  даъват шудаанд. Легионерҳо Парвиз Раҳматов (“Кингерсхайм”, Фаронса) ва Рустам Ҳамидов (“Оқжетпес”, Қазоқистон) дар Қирғизистон ба ҳайати тими миллии кишвар мепайванданд.

Пеш аз оғози мусобиқоти интихобӣ дастаи мо бо тими миллии Қирғизистон бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 4 апрел дар Бишкек баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Ҳарифони футзалбозони мо   дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Ӯзбекистон (12 апрел) ба ҳисоб мераванд. Ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022: 

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарон: Парвиз Раҳматов («Кинггерсхайм», Фаронса), Рустам Ҳамидов («Оқжетпес», Қазоқистон), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммаҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров (ҳама – «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Умед Кузиев, Шавкат Саломов, Дилшод Халимов (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов («Истиқлол»). 

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Назари худро бинависед