Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади тамринии ниҳоии худро пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади тамринии ниҳоии худро пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оғоз кард

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ҷамъомади ниҳоии тамринии худро қабл аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард.

Ҷамъомади ниҳоии даста имрӯз, 25 сентябр дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон оғоз шуд. Пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби Тоҷикистон ба Тошканд меравад ва дар онҷо бо бошгоҳи футзали ВМВ – қаҳрамони Ӯзбекистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 2 ва 3 октябр барпо мегарданд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мо тимҳои Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) мебошанд. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва ҳамчунин ҳафт дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондоди беҳтарин ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон: 

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»); 

Бозигарон: Комрон Алиев, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Умед Кузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»). 

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024

Гурӯҳи «E»

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇲🇲 Мянмар

🇵🇸 Фаластин

🇮🇳 Ҳиндустон

 

♦️ Даври 1

📅 7 октябр (шанбе)

️ 16:00 – 🇲🇲 Мянмар – 🇵🇸 Фаластин

️ 19:00 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇳 Ҳиндустон

 

♦️ Даври 2

📅 9 октябр (душанбе)

️ 16:00 – 🇮🇳 Ҳиндустон – 🇲🇲 Мянмар

️ 19:00 – 🇵🇸 Фаластин – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

♦️ Даври 3

📅 11 октябр (чоршанбе)

️ 16:00 – 🇵🇸 Фаластин – 🇮🇳 Ҳиндустон

️ 19:00 – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇲🇲 Мянмар

Назари худро бинависед