Мунтахаби футболи Тоҷикистон омодагиро барои бозӣ бо тими миллии Русия оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футболи Тоҷикистон омодагиро барои бозӣ бо тими миллии Русия оғоз кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Душанбе омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Русия, ки рӯзи 17 ноябр баргузор мешавад, оғоз кард.

Аз 28 нафар бозигарони даъватшуда айни замон 18 футболбоз дар ихтиёри даста мебошад. Бозигарони боқимонда марҳила ба марҳила ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ мешаванд. 

Бояд гуфт, ки 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад. Чиптаҳои бозӣ охири ҳафта ба фурӯш мебароянд. Нархи чиптаи муқаррарӣ 30 сомонӣ ва VIP 100 сомонӣ мебошад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 17 ноябр (панҷшанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед