Мунтахаби духтаронаи Ӯзбекистон (U-15) ғолиби чемпионати CAFA-2022 шуд. Дастаи Тоҷикистон – сеюм – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби духтаронаи Ӯзбекистон (U-15) ғолиби чемпионати CAFA-2022 шуд. Дастаи Тоҷикистон – сеюм

25 октябр дар Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола ба анҷом расид. 

Дар даври ниҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон дар муборизаи баробар аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Тимҳои духтаронаи Ӯзбекистон ва Эрон чаҳоримтиёзӣ ба даст оварданд, вале бинобар афзалии таносуби тӯбҳо духтарони футболбози ӯзбек аз ҳамсолони эронии худ пеш гузаштанд. Дастаи  Тоҷикистон ҷойи сеюмро гирифт. 

Дар солҳои қаблӣ дастаҳои Ӯзбекистон (2017, Ҳисор) ва Эрон (2019, Тошканд) барандаи чемпионати CAFA байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола шуда буданд.

Дар маросими ҷоизасупории чемпионати CAFA-2022 дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ширкат доштанд.

Ҷоизаи «Fair Play» насиби тими духтаронаи Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус аз они мунтахаби духтаронаи Эрон шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа ҳамлагари дастаи Ӯзбекистон Меҳрибон Эгамбердиева (4 гол) дониста шуд. Сарвони мунтахаби Ӯзбекистон Асалхон Аминҷонова арзишмандтарин бозигари чемпионат дониста шуд.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола

Даври 1

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 6:0

 

Даври 2

Эрон – Ӯзбекистон – 2:2

 

Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Эрон – 0:1

Назари худро бинависед