1 март дар Ӯзбекистон 41-умин мусобиқаи Ҷоми Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад, ки дар он тими миллии Тоҷикистон низ ширкат мекунад.
Барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ин панҷумин иштирок дар қаҳрамонии Осиё хоҳад буд. Қаблан дастаи ҷавонони мо дар солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар ин марҳилаи мусобиқа ширкат карда буд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.
Дар Ҷоми Осиёи имсола мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.
Тими ҷавонони Тоҷикистон бозии якуми худро дар Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 2 март бо тими Урдун доир мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.
Сипас, рӯзи 5-уми март бозигарони мо бо ҳамсолони худ аз Уммон вомехӯранд ва дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 8-уми март бо яке аз фаворитҳои мусобиқот – Кореяи Ҷанубӣ нерӯ месанҷанд.
Дар сурати аз гурӯҳ баромадан дар даври 1/4 ниҳоӣ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Чин ё Қирғизистон бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки чаҳор тими беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон ба Ҷоми ҷаҳон-2023 меравад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.
🏆 Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)
⚽️ Даври 1
📅 2 март (панҷшанбе)
🕰 Оғоз – соати 17:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун
🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»
⚽️ Даври 2
📅 5 март (якшанбе)
🕰 Оғоз – соати 17:00
🇴🇲 Уммон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»
⚽️ Даври 3
📅 8 март (чоршанбе)
🕰 Оғоз – соати 17:00
🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»