Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии охиринашро баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии охиринашро баргузор мекунад

Ҷамъомади тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия ба нуқтаи ниҳоӣ наздик мешавад. Пагоҳ, 14-уми феврал дастаи мо бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон вохӯрии санҷишии охиринро баргузор мекунад. Бозӣ соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. 

Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Анталия панҷ бозии дӯстона гузаронида, бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуд ва аз бошгоҳҳои «Бухоро»-и Ӯзбекистон  (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Лаҳистон (1:2) шикаст хӯрд.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 14 феврал (сешанбе)

🕰 Оғоз – соати 17:00 ба вақти Душанбе

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇺🇿 Ӯзбекистон (U-20)

🏟 Кунду, Туркия, Маҷмааи варзишии «Кремлин Палас»

Назари худро бинависед