Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 озими тошканд шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 озими тошканд шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев имрӯз, 26 феврал барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Ҳайати дастаи мо дар меҳмонхонаи «Wyndham» ҷой гирифт.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Ӯзбекистон мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад.

Бачаҳои мо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон рӯзи 2-юми март бозии якумашонро бо тими Урдун доир менамоянд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.

 

🏆 Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)

⚽️ Даври 1

📅 2 март (панҷшанбе)

🕰 Оғоз – соати 17:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

 

⚽️ Даври 2

📅 5 март (якшанбе)

🕰 Оғоз – соати 17:00

🇴🇲 Уммон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

 

⚽️ Даври 3

📅 8 март (чоршанбе)

🕰 Оғоз – соати 17:00

🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Назари худро бинависед