Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аввалин бозии санҷиширо бо ҳамсолони худ аз Сурия доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аввалин бозии санҷиширо бо ҳамсолони худ аз Сурия доир кард

Дар шаҳри Ҳисор имрӯз, 21 феврал бозии дӯстонаи якум миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд. 

Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Сурия – 1:0 анҷом ёфт. Муаллифи голи ягонаи дидор дар дақиқаи 90+4 Муҳаммад Асад гардид. 

Пеш аз оғози бозӣ футболбозони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия ба хотираи қурбониёни офатҳои табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва онҳое, ки бар асари заминларзаҳо дар Сурияву Туркия ҷон бохтанд, дақиқаи хомӯшӣ риоя карданд.

24 феврал тимҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии санҷишии дуюмашонро доир мекунанд. Вохӯрӣ соати 16:00 оғоз мешавад.

 

🤝 Бозии дӯстона

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇸🇾 Сурия (U-20) – 0:1

️ Гол: Муҳаммад Асад, 90+4.

🇹🇯 Тоҷикистон (U-20): Суҳробхӯҷа Юсупов (Сафармад Ғаффоров, 46), Асадбек Зиёзода, Меҳрубон Ғаффорзода (Диёрбек Марауфов, 46), Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (Бежан Нишонбойзода, 64), Азизбек Ҳаитов (Кабир Салимшоев, 46), Салоҳиддин Иргашев (Абдулло Шарипов, 21), Салам Ашӯрмамадов (Амадонӣ Камолов, 64), Алиҷони Айнӣ (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 46), Далер Шарифов (Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 46), Фаридун Давлатов.

Довари марказӣ: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).

🏟 21 феврал. Хисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед