Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рақобатро бо бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расонд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рақобатро бо бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расонд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Анталия бозии сеюми санҷиширо баргузор кард.

Имрӯз дастаи ҷавонони мо бо пешсафи дивизиони якуми Полша бошгоҳи ЛКС-и шахри Лодзи рақобати дӯстона гузаронд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 26-ум Амадонӣ Камолов кушод. Дар ибтидои нимаи дуюм Петр Янчукович таносубро барқарор сохт.

Барои дастаи Олег Кубарев ин сеюмин бозии санҷишӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия буд. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонаш аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи Суперлигаи Ӯзбекистон «Бухоро» (1:3) шикаст хӯрд.

 

🤝 Бозии санҷишӣ

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇵🇱 ЛКС (Полша) – 1:1

️ Голҳо: Амадонӣ Камолов, 26 (1:0). Петр Янчукович, 47 (1:1).

🇹🇯 Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Азизбек Ҳаитов, Салоҳиддин Иргашев, Амадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Сунатулло Азизов.

🏟 31 январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ».

Назари худро бинависед