МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТО 19 СОЛАИ ТОҶИКИСТОН (U-19) МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМӮЗИШИЯШРО ДАР АНТАЛИЯИ ТУРКИЯ ОҒОЗ БАХШИД – Федерация Футбола Таджикистана

МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТО 19 СОЛАИ ТОҶИКИСТОН (U-19) МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМӮЗИШИЯШРО ДАР АНТАЛИЯИ ТУРКИЯ ОҒОЗ БАХШИД

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Анталияи Туркия оғоз кард. Ҷамъомади омӯзишиву машқии даста то 23 феврал идома меёбад.

 Сармураббӣ Мубин Эргашев ба ин ҷамъомади омӯзишӣ 25 бозигарро даъват кардаст, ки аз инҳо – 3 кас дарвозабон, 7 кас муҳофизатгар, 11 кас ниммуҳофизатгар ва 4 кас ҳамлагар мебошанд. Ба машғулиятҳои мазкур Шаҳром Самиев,  Манучеҳр Сафаров, Абдулмумин Забиров (ҳарду аз «Хуҷанд») ва Рустам Соиров («Истиқлол») даъват нашуданд. Шаҳром Самиев бо мақсади азназаргузарӣ дар клуби футболи “Рубин”-и Қазон қарор дошта, се каси дигар дар ҳайати дастаҳои худ ба мавсими нав омодагӣ мегиранд.

Дар Анталия шигирдони Мубин Эргашев чор бозии санҷишӣ хоҳанд гузаронд. Рӯзи 12 феврал дастаи ҷавонони мо муқобили ҳамсолони худ аз Гурҷистон бозӣ мекунанд. Дар бораи рақибони дигари даста дар бозиҳои санҷишӣ баъдтар хабар медиҳем.

Ёдрас мешавем, ки ҷамъомади омӯзишиву машқии дастаи ҷавонони Тоҷикистон  дар Анталия яке аз марҳилаҳои омодагӣ барои иштироки бомуваффақият дар  марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 мебошад. Мусобиқаи мазкур  14 то 31 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқии Анталия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду «Локомотив-Помир»),  Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев (Академияи футбола ФФТ);

Муҳофизон: Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Маҳмуд Пиров, Қиматшо Муминшоев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммад Саломзода («Барқчӣ»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА ВМ ҶТ), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Ниммуҳофизон: Амадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов (ҳарду аз «Истиқлол»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Исмоилҷон Алимардонов («Душанбе-83»), Фирӯзҷон Бобоназаров, Шерзод Дадабоев, (ҳарду аз «Барқчӣ»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Назари худро бинависед