Мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе бозиҳои дӯстона баргузор мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе бозиҳои дӯстона баргузор мекунанд

Дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе силсилабозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия баргузор мешаванд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Юсуф Рабиев рӯзҳои 17 ва 20 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия вохӯриҳои дӯстона баргузор мекунад.

Дастаи дигари мо, яъне мунтахаби наврасони то 15-сола таҳти роҳбарии Далер Каёсов низ рӯзҳои 18 ва 21 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст!

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📅 17 ноябр (ҷумъа)

️ Оғоз – соати 18:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17) – 🇷🇺 Русия (U-17)

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

📅 18 ноябр (шанбе)

️ Оғоз – соати 18:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-15) – 🇷🇺 Русия (U-15)

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

📅 20 ноябр (душанбе)

️ Оғоз – соати 11:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17) – 🇷🇺 Русия (U-17)

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

📅 21 ноябр (сешанбе)

️ Оғоз – соати 11:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-15) – 🇷🇺 Русия (U-15)

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед