Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) мутахассиси словенӣ Милош Костич дар бораи интизориҳои худ аз мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «Е», ки дар Душанбе баргузор мешавад, гуфт. Рақибони дастаи ҷавонони мо мунтахабҳои Шри-Ланка (23 сентябр), Кореяи Шимолӣ (25 сентябр), Малайзия (27 сентябр) ва Уммон (29 сентябр) хоҳанд буд.
Милош КОСТИЧ, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):
– Мо шаш моҳ қабл омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё оғоз кардем. Дар ин давра мо бо дастаи мунтахаби Беларус бозиҳои дӯстона гузаронида, инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон ширкат варзидем. Мутаассифона, чанде аз бозигарони калидии мо дар марҳилаи интихобӣ иштирок карда наметавонанд. Дарвозабони асосӣ захмдор аст. Ба далели баргузор нашудани марҳилаи интихобӣ дар рӯзҳои ФИФА, «Атирау»-и Қазоқистон Фатҳулло Олимзодаро озод накард. Ҳамчунин, ҳимоятгарон Александр Мухин ва Ибод Икромиддинов, ки дар бошгоҳҳои Русия бозӣ мекунанд, ба мо кӯмак карда наметавонанд. Ба ин мушкилиҳои кадрӣ нигоҳ накарда, дастаи мо дар ҳар вохӯрӣ барои натиҷаи шоиста мубориза мебарад. Дар гурӯҳ ҳама рақибон баробаранд, касеро ҷудо кардан намехоҳам. Ҳарчанд фаворити гурӯҳ набошем ҳам, вазифаи мо ҳамон аст – ба даст овардани роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Чин баргузор мешавад. Барои иҷрои супориш тамоми қувваро ба кор мебарем. Мо дар майдони худ бозӣ мекунем ва воқеан ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем.