Мавсими нуҳуми лоиҳаи «ТCELL – Футбол ба назди шумо меояд» баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нуҳуми лоиҳаи «ТCELL – Футбол ба назди шумо меояд» баргузор мешавад

Дар остонаи оғози мавсими навбатии лоиҳаи «TCELL – Футбол ба назди шумо меояд», ки бо дастгирии оператори пешбари инноватсионии кишвар Tcell баргузор мешавад, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони минтақавии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ формати мавсими нави «TCELL – Футбол ба назди шумо меояд» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи низомнома лоиҳаи мазкур дар ду марҳила дар тамоми минтақаҳои кишвар баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал шумораи номаҳдуди дастаҳо метавонанд ширкат кунанд. 16 дастаи беҳтарин дар чаҳор синну сол ба даври ниҳоӣ роҳ меёбад.

Фестивалҳои аввал дар даҳ шаҳру ноҳияҳои кишвар – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ваҳдат, Ашт, Ёвон, Восеъ ва Шаҳринав баргузор мешаванд.

Дар доираи лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Ваҳдат, Ашт ва Ёвон курсҳои мураббигӣ оид ба футболи оммавӣ гузаронида мешаванд. Дар онҳо 82 нафар мураббӣ иштирок мекунад.

Лоиҳаи футболи хиёбонӣ тӯли ҳашт сол шумораи зиёди кӯдаконро ба футбол ҷалб кардааст. Дар лоиҳа кӯдакони аз 6 то 12-сола ширкат меварзанд. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа дар замири кӯдакон бедор кардани муҳаббат ба футбол ва тарзи ҳаёти солим, риояи хусусиятҳои футболи хиёбонӣ мебошад.

Назари худро бинависед