Мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз шуд

Мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал оғоз шуд. Имсол барои медалҳо шаш даста мубориза мебарад.

Дар чемпионат чаҳор дастаи пойтахт – «Соро компания», «Истиқлол», «Амонатбонк» ва «Пойтахт», инчунин «Истаравшан» ва «Самандар»-и Турсунзода ширкат мекунанд.

Дар марҳилаи якуми чемпионат бозиҳо дар се давра гузаронида мешаванд. Сипас чаҳор дастаи беҳтарин ба плей-офф роҳ меёбад ва онҷо ҷуфтҳои даври ниманиҳоиро ташкил мекунанд.

Бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ аз силсилаи то ду пирӯзии яке аз дастаҳо иборат хоҳанд буд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд, дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Рақобатҳо барои гирифтани ҷойи сеюм аз силсилаи то ду пирӯзӣ ва бозии ниҳоӣ аз силсилаи то се пирӯзии яке аз дастаҳо иборат мебошанд.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал

Даври 1

«Пойтахт» – «Соро компания» – 1:8

Голҳо: Дилшод Саломов, 2 (0:1). Насим Шарифов, 11 (0:2). Муҳаммад Шарифов, 14 (0:3). Идрис Ёров, 21 (0:4). Меҳроҷиддин Маҳмадшоев, 23 (1:4). Муҳаммад Шарипов, 25 (1:5). Муҳаммад Шарипов, 27 (1:6). Муҳаммад Шарипов, 29 (1:7). Фирӯз Сангов, 39 (1:8).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳаммад Шарипов («Соро компания»).

 

«Истиқлол» – «Амонатбонк» – 2:1

Голҳо: Шавкат Ҳалимов, 22 (1:0). Умед Кузиев, 27 (1:1). Ровшен Оразмуҳаммадов, 36 (2:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Ровшен Оразмуҳаммадов («Истиқлол»).

 

«Истаравшан» – «Самандар» – 6:4

Голҳо: Акбар Ҳаитов, 6 (0:1). Озодбек Холматов, 8 (1:1). Низом Мҳмаев, 15 – аз пеналти (1:2). Ҳусейн Расулов, 21 (2:2). Холмуъмин Ҳамроев, 27 (2:3). Шавкат Пӯлотов, 29 (3:3). Шавкат Пӯлотов, 32 (4:3). Озодбек Холматов, 35 (5:3). Хуршед Холов, 36 (5:4). Ҳусейн Расулов, 39 (6:4).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Озодбек Холматов («Истаравшан»).

 

Даври 2

«Соро компания» – «Истиқлол» – 1:1

Голҳо: Муҳаммад Шарипов, 18 (1:0). Шавкат Ҳалимов, 35 (1:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Меҳдӣ Мустафоӣ («Соро компания»).

 

«Истаравшан» – «Пойтахт» – 5:5

Голҳо: Бурҳон Шодиёров, 2 (1:0). Шараф Носиров, 3 – ба дарвозаи худ (1:1). Ҳусейн Расулов, 3 (2:1). Фирдавс Саидов, 22 (2:2). Мирзорауф Умаров, 28 (3:2). Фирдавс Саидов, 31 – ба дарвозаи худ (3:3). Фирдавс Саидов, 33 (3:4). Ҳусейн Расулов, 34 (4:4). Абдулазиз Исҳоков, 36 (5:4). Мавсар Давлатов, 40 (5:5).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Фирдавс Саидов («Пойтахт»).

 

«Самандар» – «Амонатбонк» – 2:3

Голҳо: Акбар Ҳаитов, 7 (1:0). Холид Сабуров, 17 (1:1). Алишер Шарифов, 18 (1:2). Султоншо Мирзоев, 26 (1:3). Низом Маҳмаев, 28 (2:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Алишер Шарифов («Амонатбонк»).

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

24 июн (шанбе)

17:00 – «Истиқлол» – «Самандар». Душанбе, маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»

18:00 – «Истаравшан» – «Соро компания». Истаравшан, маҷмааи варзишии «Далерон»

25 июн (якшанбе)

18:00 – «Амонатбонк» – «Пойтахт». Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назари худро бинависед