Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд

Имрӯз, 23 май дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми кишвар 13 дастаи лигаи якум ширкат мекунад. Дар натиҷаи қуръакашӣ шаш ҷуфт ташкил карда шуд: «Истаравшан» – «Душанбе», «Шодмон» – «Парвоз», «Сарҳадчӣ» – «Моҳир», «Гулистон» – «Барқчӣ», «Ҳулбук» – «Панҷшер» ва «Саройкамар» – «Ориён». Ғолиби ҷуфти «Саройкамар» – «Ориён» дар даври дуюми марҳилаи муқаддамотӣ бо «Равшан»-и Зафаробод вомехӯрад.

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 аз як вохӯригӣ иборат буда, рӯзҳои 31 май ва 1 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки онҷо бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мубориза ҳамроҳ мегарданд.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2023 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2024/2025 ба даст меорад. Агар як бошгоҳ ҳам қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳам соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали нуқраи Лигаи олии Тоҷикистон ба Ҷоми КФО роҳ меёбад.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2023

Марҳилаи муқаддамотӣ

31 май – 1 июн (чоршанбе, панҷшанбе)

«Истаравшан» – «Душанбе»

«Шодмон» – «Парвоз»

«Сарҳадчӣ» – «Моҳир»

«Гулистон» – «Барқчӣ»

«Ҳулбук» – «Панҷшер»

«Саройкамар» – «Ориён»

Назари худро бинависед