Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё санаи бозиҳои боқимондаи даври дуввуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро тасдиқ кард.
Дар ҷаласаи Кумитаи мусобиқоти КФО, ки имрӯз онлайн баргузор шуд, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 бояд то 15 июни соли 2021 ба анҷом расанд. Бозиҳои даври ҳафтум ва ҳаштум моҳи марти соли оянда ва бозиҳои даври нӯҳум ва даҳум моҳи июн баргузор мешаванд. Даври ниҳоии марҳилаи интихобии Осиё моҳи сентябри соли 2021 оғоз мешавад.
Кумитаи мусобиқот Низомномаи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC- 2021 ва Ҷоми AFC-2021, инчунин тақвими нави Ҷоми AFC-2021-ро тасдиқ кард.
Кумитаи мусобиқаи КФО розӣ шуд, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки қаблан ба таъхир гузошта шуда буд, аз 3 то 20 марти соли 2021 дар Ӯзбекистон баргузор шавад ва инчунин ба қоидаҳои иштирок дар чемпионати Осиё байни наврасони то 16 сол (U-16) дар Баҳрайн тағйирот қабул кард ва мувофиқи ин қарор футболбозони соли таваллудашон 2004 ҳақи иштирок дар ин мусобиқаро доранд.
Санаҳои чемпионати Осиё байни наврасон то 16 сол (U-16), ки ба соли дигар мавқуф гузошта шудаанд, бояд мавриди муҳокима ва тасдиқи иловагӣ қарор гиранд.