Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18): баъд аз ду давр – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18): баъд аз ду давр

Рӯзи душанбеи 6 июл, дар чемпионати Тоҷикистон байни наврасони то 18 сола бозиҳои даври сеюм баргузор гаштанд.

Дастаҳои футболи “Ашт” ва КМВА, ки дар ду даври қаблӣ кмёб гардида буданд, дар ин давр дучори бохт шуданд. “Ашт” дар сафар аз МҶМОВ бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст хӯрд.  “Хуҷанд” бошад бар ҳамсолони худ аз КМВА бо ҳисоби 4 бар 1 зафар ёфт.

Дар ин давр дастаи Академияи футболи Федератсия – “Орзу-2026” ғалабаи дуюми худро ба даст овард. Шогирдони Рустам Қурбонов бо ҳисоби калони 7 бар 0 наврсони Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпиро мағлуб сохтанд.

Бозӣ байни “Хатлон”-и Бохтар ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.

Баъд аз ду давр дастаҳои «Орзу-2026», «Хуҷанд», «Ашт» ва КМВА бо шаш имтиёзӣ дар зинаҳои болои ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Бозиҳои даври навбатии мусобиқа рӯзи 10 июл баргузор хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки чемпионати Тоҷикистон байни наврсони то 18 сол бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон мегузарад.

 

Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18). Даври 3-юм

РШВСМ – «Ашт» – 3:1

Голҳо: Хуршед Қаюмов, 9 (1:0). Некрӯз Расулов, 61 (2:0). Сарвар Шодмонов, 69 (2:1). Абдулло Шарипов, 90 (3:1).

 

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1

ГолҳоҶаҳонгир Кӯчкоров, 67 (0:1) Самаридин Сатторов, 88 (1:1).

 

«Хуҷанд» – КМВА – 4:1

олҳоСарварбек Турсунбоев, 18 (1:0). Шаҳбоз Ҳабибов, 22 (1:1). Фаридун Ҳомидов, 65 (2:1). Ҳусейн Мардонов, 83 (3:1). Сарварбек Турсунбоев, 90+3 (4:1).

 

ММВЗО – «Орзу-2026» – 0:7

Голҳо: Фирдавс Олимзода, 5 (0:1). Сабзалӣ Ҳамроев, 7 (0:2). Давлатбек Акрамов, 30 (0:3). Кароматулло Боронов, 23 (0:4). Кароматулло Боронов, 43 (0:5). Меҳроб Асоев, 73 (0:6). Кароматулло Боронов, 78 (0:7).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Орзу-2026» (Академияи ФФТ) 2 2 0 0 13-2 6
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 2 0 1 8-3 6
3 «Ашт» (Ашт) 3 2 0 1 7-4 6
4 КМВА (Душанбе) 3 2 0 1 7-6 6
5 МҶМОВ (Душанбе) 2 1 0 1 3-4 3
6 «Равшан» (Кӯлоб) 2 1 0 1 5-7 3
7 ММВЗО (Душанбе) 3 1 0 2 4-10 3
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 0 1 2 2-6 1
9 «Хатлон» (Бохтар) 3 0 1 2 1-8 1

 

НишонзанҳоКароматулло Боронов («Орзу-2026») – 5 гол, Муҳаммад Парпиев («Ашт») – 4 гол, Умед Муродов (ММВЗО), Сарварбек Турсунбоев («Хуҷанд) – 3 голӣ.

 

Дар даври 4-ум вомехӯранд:

10 июл (ҷумъа)

КМВА – МҶМОВ

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

«Орзу-2026» – «Хатлон»

«Равшан» – ММВЗО

Назари худро бинависед