Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои соли 2022-ро қадрдонӣ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои соли 2022-ро қадрдонӣ намуд

Имрӯз, 13 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими мутантани тақдими ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои соли 2022 қадрдонӣ гардиданд.

Дар маросими тантанавӣ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ муайян карда шуданд.

Ҳамин тариқ, нимҳимоятгари тими «Куктош» Худойдод Узоқов беҳтарин бозигари лигаи якуми Тоҷикистон ва ҳамлагари дастаи «Гулистон» Муҳсин Рустамзода ҷоизаи нишонзани беҳтаринро соҳиб шуданд. Сармураббии дастаи «Куктош» Тоҳир Муъминов беҳтарин мураббии лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2022 эътироф гардид.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни ҷавонон ҷоизаи беҳтарин бозигар насиби Паҳлавон Баҳризода аз тими «Истиқлол»-и пойтахт шуд. Сармураббии дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ» Фарҳод Холбеков ҷоизаи беҳтарин мураббӣ ва Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА) ҷоизаи беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавононро моли худ карданд.

Гулмуроди Саъдулло бори нахуст дар фаъолияти касбияш бо ҷоизаи «Беҳтарин довари Тоҷикистон» сарфароз гашт. Дар лигаи олии Тоҷикистон дарвозабони дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Капитани тими миллии кишвар Аҳтам Назаров беҳтарин ҳимоятгари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 гардид. Бозигари «Хатлон»-и Бохтар Тоҳирҷон Тағойзода бо ҷоизаи «Беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2022» мукофотонида шуд.

Сарвони бошгоҳи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев беҳтарин ҳамлагари чемпионат дар мавсими 2022 эълон гардид. Ва ҳимоятгари ганагии «Равшан»-и Кӯлоб Самуэл Офорӣ беҳтарин легионери лигаи олӣ эътироф шуд. Сармураббии дастаи «Истиқлол» Алишер Тӯхтаев ҷоизаи беҳтарин мураббии Тоҷикистон-2022-ро гирифт. Беҳтарин бозигари сол сарвони «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд, ки ӯ ҳамчунин бо задани 16 гол нишонзани беҳтарини чемпионати кишвар дар соли 2022 эълон гардид.

 

📃 Рӯйхати беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2022:

🔝 Беҳтарин бозигари лигаи якум – Худойдод Узоқов («Куктош»).

🔝 Беҳтарин мураббии лигаи якум – Тоҳир Муъминов («Кӯктош»).

🔝 Беҳтарин нишонзани лигаи якум – Муҳсин Рустамзода («Гулистон»), 28 гол.

🔝 Беҳтарин бозигари чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон – Паҳлавон Баҳризода («Истиқлол»).

 🔝 Беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон – Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»).

🔝 Беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон – Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), 23 гол.

 🔝 Беҳтарин довар – Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

🔝 Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»).

 🔝 Беҳтарин ҳимоятгар – Аҳтам Назаров («Истиқлол»).

🔝 Беҳтарин нимҳимоятгар – Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»).

 🔝 Беҳтарин ҳамлагар – Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

🔝 Беҳтарин нишонзани лигаи олӣ – Манучеҳр Ҷалилов (Истиқлол).

🔝 Беҳтарин легионере, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад – Самуэл Офорӣ (“Равшан”-и Кӯлоб).

🔝 Беҳтарин мураббӣ – Алишер Тухтаев («Истиқлол»).

🔝 Беҳтарин бозигари сол – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Назари худро бинависед