Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: натоиҷи даври сеюм – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: натоиҷи даври сеюм

Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона бозиҳои даври сеюм баргузор шуданд.

Дар ин давр ғолиби феълии лига дастаи футболи “Хатлон”-и Бохтар дар сафар бар дастаи футболбоздухтарони “Бешкент” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Футболбозони дастаи “Зебонисо”-и пойтахт бошанд дар ин давр ба дарвозаи дастаи «Панҷшер» чордаҳ голи беҷавоб заданд. «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби калони 6 бар 0 “Ҳосилот”-и Фархорро шикаст дод. «Чашма»-и Шаҳритуз бо ҳисоби минималии 1 бар 0 “Равшан”-и Кӯлоб ва футболбоздухтарони “Зебо” дар сафар бар дастаи “Барқ” бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо шуданд.

Баъди се даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа дастаҳи “зебо” ва “Хатлон” бо 9 имтиёзӣ пешсаф мебошанд.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона. Даври 3-юм

«Бешкент» – «Хатлон» – 1:2

«Панҷшер» – «Зебонисо» – 0:14

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 6:0

«Равшан» – «Чашма» – 0:1

«Барқ» – «Зебо» – 0:5

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Зебо» (Дӯстӣ) 3 3 0 0 14-0 9
2 «Хатлон» (Бохтар) 3 3 0 0 11-1 9
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 2 0 1 17-1 6
4 «Зебонисо» (Душанбе) 3 2 0 1 17-2 6
5 «Чашма» (Шаҳритус) 3 2 0 1 7-12 6
6 «Бешкент» (Носири Хусрав) 3 1 0 2 4-5 3
7 «Барқ» (Норак) 3 1 0 2 1-13 3
8 «Ҳосилот» (Фархор) 3 0 1 2 1-9 1
9 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 3 0 1 2 2-21 1
10 «Равшан» (Кӯлоб) 3 0 0 3 0-10 0

 

Нишонзанҳо: Меҳрангез Шарипова («Зебо»), Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») – 6 голӣ, Умеда Ҷалилова («Чашма»), Лайло Ҳалимова («Хатлон»), Мадина Фозилова («Зебонисо») – 5 голӣ.

 

Дар даври 4-ум вомехӯранд:

15 июл (чоршанбе)

«Хатлон» – «Зебо»

«Чашма» – «Барқ»

«Ҳосилот» – «Равшан»

«Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ»

«Бешкент» – «Панҷшер»

Назари худро бинависед