Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022: имшаб «Истиқлол» бо қаҳрамони феълии қора «Ал-Ҳилол» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022: имшаб «Истиқлол» бо қаҳрамони феълии қора «Ал-Ҳилол» бозӣ мекунад

Дар шаҳри Риёз имшаб бозиҳои ниҳоии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар чаҳоргонаи «А» баргузор мешаванд.

Қаҳрамони Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе бо ғолиби феълии мусобиқа, бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози мусобиқот ду пирӯзӣ ба даст овардааст, вомехӯрад.

Вохӯрии «Ал-Ҳилол» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и Риёз баргузор шуда, соати 23:15 ба вақти маҳаллӣ (01:15, 16 апрел ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин бозиро мустақиман намоиш медиҳад.

Дар бозии душвори имрӯза ба қаҳрамони Тоҷикистон барору комёбӣ таманно дорем!

 

Лигаи чемпионҳои КФО-2022

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

16 апрел (шанбе)

Бозӣ соати 01:15 ба вақти Душанбе оғоз мешавад

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и Риёз

Назари худро бинависед