Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24: имрӯз «Истиқлол» бо «Персеполис»-и Эрон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24: имрӯз «Истиқлол» бо «Персеполис»-и Эрон бозӣ мекунад

Имрӯз, 7 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Персеполис» (Эрон) баргузор мегардад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.

Барои сари вақт ва бидуни мамониат ворид шудан ба варзишгоҳ аз тамоми мухлисон хоҳиш мекунем, ки пешакӣ, ду соат қабл аз оғози бозӣ – соати 17:00 ба варзишгоҳ ҳозир шаванд.

Биёед чемпиони Тоҷикистонро якҷоя дастгирӣ кунем!

 

🏆 Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

♦️ Минтақаи ғарбӣ. Гурӯҳи «Е». Даври 4

📅 7 ноябр (сешанбе)

️ Оғози бозӣ – соати 19:00

🇹🇯 «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – 🇮🇷 «Персеполис» (Эрон)

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед