Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022: «Истиқлол» имрӯз бо дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022: «Истиқлол» имрӯз бо дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бозӣ мекунад

«Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон имрӯз, 8-уми апрел, нахустин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 анҷом медиҳад.

Рақиби бошгоҳи Душанбе “Ал Райян”-и Қатар хоҳад буд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии «Шоҳ Фаҳд»-и Риёз баргузор шуда, соати 22:15 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Ин бозиро метавонед дар шабакаи телевизионии “Варзиш” мустақиман тамошо кунед.

Дар бозии имрӯза ба қаҳрамони Тоҷикистон барору комёбӣ таманно дорем!

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022

Гурӯҳи «А». Даври 1

8 апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 22:15 ба вақти Душанбе

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Райян» (Қатар)

Риёз, Варзишгоҳи байналмилалӣ ба номи Шоҳ Фаҳд

Назари худро бинависед