Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022: «Истиқлол» имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022: «Истиқлол» имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» аз ғолиби феълии мусобиқа, бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. 

Бар асоси натоиҷи чаҳор даври мусобиқа «Ал-Ҳилол» дар гурӯҳи «А» бо 12 имтиёз садрнишин аст.  «Ал-Райян» (7 имтиёз) дар зинаи дуюм ва «Шарҷа» (4 имтиёз) дар мақоми сеюм қарор доранд. «Истиқлол» то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст.

Дастпарварони Виталий Левченко дар ду бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бо дастаҳои «Ал-Райян» (23 апрел) ва «Шарҷа» (27 апрел) бозӣ мекунанд.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022

Гурӯҳи «А». Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:3

Голҳо: Одион Игало, 8 (0:1). Одион Игало, 33 (0:2). Салем Ал-Давсарӣ, 90+2 (0:3).

19 апрел. Риёз. Варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд».

Назари худро бинависед