Кумитаи фаннии ФФТ нахустин ҷаласаи имсолаи худро гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи фаннии ФФТ нахустин ҷаласаи имсолаи худро гузаронд

Рӯзи 2 апрел, Кумитаи фаннии Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин ҷаласаи худро дар соли ҷорӣ баргузор намуд.

Дар кори ҷаласа Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, Дабири куллии ФФТ Давлатманд Исломов ва айъзои Комиҷроияи ФФТ, муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи ҷонишини директори Департаменти фаннии ФФТ Рустам Абдуллоев, Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, директори Академияи футболи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, сардори департаменти футзали ФФТ Комрон Шодиев, сардори шӯъбаи футболи занонаи Фурқат Ахмедҷонов, роҳбари шӯъбаи тиббии ФФТ Фаррух Авезов ва дастурдиҳандаи илмии Департаменти фаннӣ   Боир Игамбердиев шунида шуд.  Онҳо ба Кумитаи фаннии ФФТ дар бораи кори давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ анҷомдодаи худ ҳисобот доданд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд ва андешаҳои худро низ иброз доштанд.

Назари худро бинависед