«Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид – Федерация Футбола Таджикистана

«Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Маросими имзои созишнома имрӯз, 29 апрел дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Душанбе баргузор шуд. Қарордодро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва директори генералии ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» Раҳим Сафаров имзо карданд.

Баъди имзои созишнома директори генералии ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» Раҳим Сафаров қайд кард, ки ширкаташ аз оғози ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хушҳол аст. Вай таъкид намуд, ки дастгирии футбол як ҷузъи муҳими масъулияти иҷтимоии онҳо мебошад.

Назари худро бинависед