КФО барои бомуваффақият гузаронидани марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонони то 23 сола (U-23) ба ФФТ сипосгузорӣ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

КФО барои бомуваффақият гузаронидани марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонони то 23 сола (U-23) ба ФФТ сипосгузорӣ намуд

Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои муваффақона баргузор намудани марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23 сола дар гурӯҳҳои «В» и «G» изҳори сипосгузорӣ намуд.

Дар номаи расмии Котиби генералии Конфедератсияи футболи Осиё дато Виндзор Ҷон, ки ба унвони Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ирсол шудааст, аз ҷумла чунин гуфта мешавад:

“Мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистонро, ки дар марҳилаи интихобӣ мақоми дувумро касб кард ва ба қатори яке аз чаҳор дастаи беҳтарин дохил шуда, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт, табрик мегӯем.

Мо ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили бомуваффақияти мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳҳои «В» ва «G» изҳори сипос мекунем.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар тамоми бозиҳои сабқати интихобӣ азму ирода ва фидокории худро нишон дода ба комёбӣ ноил гардид. Гузашта аз ин, ин муваффақияти Федератсияи шумо ҳамчун мизбон, бешубҳа намоиши фидокорӣ, заҳмат ва кӯшишҳои монданашавандаи ФФТ ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои таъмини сатҳи баланди ташкили мусобиқаи интихобӣ, сарфи назар аз шароити душвор аст.

Мо ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои меҳмоннавозии олиҷаноб ба ҳайати КФО ва дастаҳои ширкаткунанда ва барои тамоми чораҳои андешидашуда ҷиҳати таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар тӯли мусобиқа изҳори сипос мекунем.

Бори дигар табрик мегӯем ва мо интизори вохӯрии дастаи шумо дар Ӯзбекистон дар моҳи июни соли 2022 ҳастем”.

Назари худро бинависед