«Истиқлол» – як қадам то бозиҳои 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – як қадам то бозиҳои 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 ғалабаи сеюми худро ба даст оварда, барои баромадан ба бозиҳои марҳилаи 1/8 финали мусобиқа роҳашро ҳамвортар намуд.

Дар даври панҷуми бозиҳо “Истиқлол” дар гурӯҳи “А” ба қаҳрамони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, бошгоҳи футболи “Шубоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Голи ягона ва ғалабаоварро дар дақиқаи 90+6 капитани “Истиқлол” Алишер Ҷалилов  зад.

Ин сеюмин ғалабаи “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 мебошад. Қаблан, дастаи мо бар АГМК (Узбекистон) бо ҳисоби 3 бар 1 ва бар “Ал-Ҳилол”(Арабистони Саудӣ) бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо шуда буд.

Ба ин тартиб, баъд аз панҷ даври бозиҳо “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” бо 10 имтиёзӣ, мутаносибан дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд.

Акнун дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 “Истиқлол” бо АГМК-и Узбекистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи 30 апрел, соати 23:55 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 5-ум

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 90+6.

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мищенко, Зоир Ҷӯрабоев (Ваҳдат Ҳанонов, 90+1), Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+6), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷӯраев, 90+1), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, Манучехр Ҷалилов.

27 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд.

 

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:3

    Б В М Б Т/Т И
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 5 3 1 1 9-6 10
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 5 3 1 1 11-7 10
3 «Шубоб Ал-Аҳли» (АМА) 5 1 1 3 4-6 5
4 АГМК (Узбекистон) 5 1 1 3 7-12 4

 

 

Дар даври 6-ум вомехӯранд:

30 апрел (ҷумъа)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Узбекистон).

Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд

22:00 – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА).

Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Фейсал Бин Фаҳд

Эзоҳоғози бозиҳо ба вақти саудӣ.

Назари худро бинависед